Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ 36 ҳазор ашёи таърихиашро бозпас гирифтааст


Як мақоми баландпояи Ироқ гуфт, даҳҳо ҳазор ашёву нодираҳои ғоратшуда аз осорхонаву ёдгориҳои таърихии кишварро ёфта баргардонидаанд. Қаҳтон Ал Ҷубурӣ, вазири саёҳӣ ва таърихшиносии Ироқ, ба бахши ироқии Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои дунё дар зарфи 7 соли гузашта 36 ҳазор осори таърихии Ироқро пайдо кардаанд. Аз ҷумла 8 ҳазор ашё аз осорхонаи миллии Ироқро, ки баъди ҳамлаи Амрико ба Бағдод дар моҳи апрел ғорат шуд. Дар маҷмӯъ аз ин осорхона 15 ҳазор ашёву нодираҳои таърихиро рабудаанд. Ба гуфтаи вазири ироқӣ, садҳо осори таърихии Ироқро аз Сурияву Ӯрдун баргардонидаанд ва ҳамингуна ашёи алоҳидаеро аз Ҳолланд ва Туркия.
XS
SM
MD
LG