Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо ҳадафи боло бурдани сатҳи дониши кормандони тиб ва модарон дар мавриди тартиби дурусти ширмаконӣ ва зарурати шири модар, аз 1-ум то 10-уми август дар Тоҷикистон «Даҳаи кӯмак ва дастгирии ширмаконӣ» эълон шудааст.

Дар нишасте, дар доираи ҳафтаи ҷаҳонии ширмаконӣ Ҳонгвей Гао, раҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, гуфт, аз 1000 кӯдаки навзод дар Тоҷикистон 54 нафари онҳо мефавтанд. Таҳлилҳо мушаххас кардаанд, ки имкони пешгирии 20 дарсади ҳодисаҳои марги атфоли то якмоҳа вуҷуд дошт, агар аз лаҳзаи таваллуд модарон ба онҳо шири сина медоданд.

«Ширмакони то шашмоҳагӣ ҳатмист»

Ҳонгвей Гао бо нигаронӣ аз сатҳи болои фавти атфол дар ин кишвар гуфт, шири сеҳрноки модар метавонад ҳаёти миллионҳо кӯдакро наҷот диҳад:

«Ҳар сол дар Тоҷикистон 200 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад ва агар ҳисоб кунем, маълум мешавад, ки ҳар сол мо ҷони 10 ҳазор навзодро аз даст медиҳем. Ин мусибатест барои хонаводаҳо ва ҳам барои тамоми кишвар. Ва шири модар тавони ҳифзи ҷони ин атфолро дорад. Таъмини кӯдак то шашмоҳагӣ бо шири модар ҳатмист ва ширдиҳӣ то 2-солагӣ барои рушди ҷисму руҳи навзод ва ҳам саломатии модарон бисёр муҳим аст».


Ин ҳам дар ҳолест, ки бинобар таҳлилҳо дар соли 2005, танҳо 25 дарсади модарон ба атфоли худ дар 6 моҳи аввал фақат шири сина медодаанд ва як таҳқиқоти тозаи бунёди атфоли СММ муайян кардааст, ки дар кишвар 64 дарсади кӯдакон танҳо то синни 5-моҳагӣ аз шири модар истеъмол мекунанд ва дар беш аз 40 дарсади ҳолатҳои дигар модарон бармаҳал ва ё пурра ба атфоли худ ғизои сунъӣ, ё иловагӣ медиҳанд, ки ба гуфтаи табибон, ба густариши маризиҳои мухталиф аз ҷумла бемориҳои роҳи нафас ва дарунравиву камхунии кӯдакон боис мешавад.

Хатари ғизои иловагӣ барои кӯдакони навзод

Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии кишвар, мегӯяд, хатари гирифторшавии ин гурӯҳи кӯдакон ба бемориҳои сироятии меъдаву рудда 15 маротиба бештар аст.

«Яъне вақте кӯдак ғизойи сунъӣ истеъмол мекунад, маҷбур аст, ки пистонаки резинӣ ё чочакро истифода барад, ки ин манбаи сироятӣ мешавад, чунки он на ҳамеша ҷӯшонида, тоза карда ба кӯдак дода мешавад».

Як омили аслии аз шири модар маҳрум шудани кӯдакро табибон дар ноогоҳии модарони ҷавон аз афзалияти шири сина ва зарурати он дар рушди кӯдак марбут медонанд. Мушоҳида мешавад, ки бархе аз модарони ҷавон барои идомаи кори худ тифли навзодашонро бармаҳал ба тарбияи волидон ё доя месупоранд, ки албатта кӯдак дар ин ҳол танҳо ширу ғизои сунъӣ истеъмол мекунад.

Чӣ муҳимтар аст: Андоми зебо ё кӯдаки солим?

Дар ҳамин ҳол Мусоҳибам Сабрина мегӯяд, ҳоллатҳои зиёдеро медонад, ки ҷавонзанон ҳатто ба хотири хуб нигоҳ доштани андоми худ бо ҳар баҳона аз ширмаконии навзодаш худдорӣ мекунад:

«Шояд онҳо хеле ҷавонанд ва бештар дар фикри худанду аз оқибатҳои ин амалашон ва саломатии фарзанди хеш кам андеша мекунанд. Вале боз аксари дигар модаронро фаҳмидан мумкин, чун шароити иҷтимоиашон хуб нест ва тавони истеъмоли хурокҳои серғизоро надоранд, аз ҳамин сабаб ширашон ҳам кофӣ нест. Онҳо маҷбуранд барои сер кардани фарзандони худ аз дигар хурокҳои иловагӣ истифода кунанд.»

Мусоҳиби дигарам Лола, ки дар 20-солагӣ модар шудааст, мегӯяд, то лаҳзаи таваллуд дар бораи ширмаконӣ ва зарурати он аслан чизе намедонист ва фарзанди ӯ на ду сол, тавре табибон машварат медиҳанд, балки як сол аз шири модар хурдааст. Ҳарчанд, мегӯяд Лола, хеле мехост тифлаш солим ба воя расад, вале вазъият ӯро водор кард, то ба кор барояд, ва кӯдакро ҳам аз шири сина маҳрум созад:

«Вақте фарзанддор шудам, духтурон баъди 10 ё 30 дақиқа кӯдакамро ба наздам оварданд ва ҳамонҷо меҳри модарӣ боло шуду ман ба ӯ шир додам. Ин ба ман як ҳиссиёти хубро ҳадя сохт. Масалан, дидам, ки чӣ хел тифли хурдакакам аз синаи ман шир мехӯрад, ҳамин тавр ман қариб як сол ба тифлам шир додам.»


Зарари шири сунъӣ

Аммо Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустӣ, меафзояд, як сабаби дигари бармаҳал маҳрум шудани атфол аз шири модар ва ба ғизои сунъӣ рӯ овардан, ин таъсири афкори тибби замони шӯравӣ аст, ки ширмаконӣ дар соатҳои аввали таваллуд зарур дониста намешуд ва модарон ҳам аз шири сунъӣ фаровон истифода мекарданд:

«Он замон агар дар хотиратон бошад, вақте зан таваллуд мекард, шабонарӯзи аввал кӯдак дар утоқи дигар мехобид ва дар ин 1 ё 2 рӯз кӯдак ба пистонаки резинӣ ё чочак одат мекард ва гирифтани синаи модар барои ӯ дигар мушкили мекард.»

Тоҷикистон дар осиёи маркази аз аввалин кишварест, ки бо ташаббуси бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид, ё ЮНИСЕФ соли 2006 қонун дар бораи «Ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдаконро» қабул кард, ки он ба ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, дуруст маконидани кӯдакони навзод ва боло бурдани маърифати беҳдории мардум нигаронида шудааст.

Ҳамчунин 47 муассисаи тиббии кишвар соҳиби гувоҳномаи ҷаҳонии «Муносибати некбинона нисбати атфол» шудаанд ва ба гуфтаи масъулини вазорати тандурустии кишвар, ин иқдомҳо тавонистаанд то андозае дар беҳбуд бахшидани вазъ ва тарғиби шири модар мусоидат кунанд. Аммо гуфта мешавад, боз ба роҳ мондани дарсҳо дар марказҳои солимӣ зарур аст огоҳии ҷавондухтаронро дар ин маврид боло бурд ва бо ин онҳоро ба модаршавӣ омода кард.

Ба ҳамин тартиб ҳафтаи дастгирии ширмаконӣ то 10-уми август дар Тоҷикистон идома мекунад ва табибон таъкид мекунанд, ки ҳар як инсон танҳо як маротиба дар ҳаёт ва он ҳам ду сол имкони истифода аз шири модарро дорад ва модарон набояд аз ин имконият кӯдакони худро маҳрум созанду бо ин дар рушди зеҳниву ҷисмонии фарзанди худ монеа эҷод кунанд.
XS
SM
MD
LG