Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонуни нави Русия барои қафқозиҳо


Бархе аз мансабдорони Русия пас аз чанд мавриди ихтилофу ҷанҷоли намояндагони миллатҳои мухталиф дар талоши таҳия ва тасвиби кодекси наве марбут ба кодекси рафтори ҷавонони Қафқози шимолӣ дар Русия ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки то кунун идеяҳои қабули раҳнамуди москвагиҳо, музофотиҳо, петербургиҳо садо дода буд ва дар миёни сокинону хориҷиён вокунишҳоеро низ ба бор овардааст. Ҳамакнун, ки Русия чашм ба ҷавонони қафқозӣ кардааст, имкон дорад рафтору кирдори осиёиҳо ба хусус тоҷикҳо низ рӯзе мадди назар шавад.

Зеро дар миёни садҳо халқу миллат дар Русия тоҷикҳо низ садҳо ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва рафтору кирдори бештари муҳоҷирони тоҷик низ мавриди таваҷҷӯҳи доираҳои мухталиф ва ҳатто расонаҳои Русия будааст. Аммо оё бо таҳия ва тасвиби қавонини марбут ба танзими рафтори хориҷиён дар Русия, мешавад аз ҳамдигарбадбинӣ ва ситезаҷӯӣ халос шуд?

Танзими рафтори хориҷиҳо?

Албатта, Владимир Швесов, муъовини намояндаи президенти Русия дар ҳавзаи федеролии Қафқози шимолӣ таҳияи ин кодексро бештар ба хотири танзим кардани рафтори ҷавонони қафқозӣ, ки ба гуфтаи вай ба ҳангоми меҳмонӣ меъёрҳои рафторро вайрон мекунанд.

Аммо соҳибназарони минтақа мегӯянд ин иқдоми як мансабдори Русия мақоли тоҷикии «даррро гуфтам девор кафид» -ро мемонад.

Зеро тибқи оморҳо дар қаламрави Русия ҳудуди 100 қавму миллат ба сар мебаранд ва ҳар кадоме анъана ва русуми миллии худро дорад, ки на дар ҳама ҳолат барои русҳо писанд меафтад.

Паёмади бади фарҳанги русто дар шаҳр

Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Муҳоҷирони тоҷик низ аз ҷумлаи шаҳрвандоне ҳастанд, ки тибқи оморҳои расмӣ беш аз 800 ҳазор ва бар пояи манобеи ғайрирасмӣ беш аз як миллион нафарро дар қаламрави Русия ташкил медиҳанд. Албатта бештари муҳоҷирони тоҷик дар мавсими баҳору тобистон вориди Русия мешаванд ва дар миёни онҳо ҷавонони деҳотӣ хело зиёданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин Санавбар Шерматова, коршиноси минтақавӣ мегӯяд, албатта қабули маҷмӯи қавоиди рафтор барои танзими одобу ахлоқи ҷавонони муҳоҷир зарурист, «ин гуна раҳнамуди қоидаҳо барои ҳамгиро шудани одамоне, ки ба Маскав ваё дигар манотиқи Русия меоянд шарт аст. Албатта афроде ки вориди Маскав мешаванд шаҳрӣ бошанд, ҳеҷ гуна мушкил дар рафтору гуфтор ва кирдорашон бо дигарон нахоҳанд дошт. Аммо мутаасифона аксарияти муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд аз деҳот, манзурам ҷавонони деҳотии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд, ки аз оддитарин рафтору кирдори шаҳриён бархӯрдор нестанд. Аксарияти онҳо намедонанд, ки куҷо омадаанд, чигуна рафтор кунанд ва бо кадом забон муошират дошта бошанд, ки дар ниҳоят чунин бархӯрди номуносиб, паёмади номатлуберо ҳам барои худашон ва ҳам барои сокинони Маскав ба бор меорад»

"Ба муҳоҷирон бояд кодекси рафторро омӯзонд"

Аммо Каромат Шарипов, раиси созмони муҳоҷирони тоҷики Русия бар ин бовар аст, ки русҳо ба тоҷикон муҳаббати хосе доранд, танҳо бояд он ҷавононеро, ки мехоханд барои кор ба Русия биёянд бояд қабл аз сафар омӯзиш дод: «дар Русия мо тоҷиконро нағз мебинанд. Имрӯз дар Русия 120 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст аз тоҷикон. Инҳо ояндаи тоҷикон ҳастанд. Бояд ҳифз шаванд. Мо барои русҳо ҳамеша хуб будем ва мемонем. Барои он ки аз хитоиҳо ва туркзабонҳо барои русҳо мо хубем. Инро ҳама медонад, аз ҷумла худи лидерҳои Русия низ инро медонанд .Аммо дар мавриди кодексҳои рафтор бояд ҷавонони тоҷик омӯзонда шаванд. Дар Душанбе мақомот бояд кор кунанд. Қабл аз сафар дар фурудгоҳҳо бояд омӯзонда шаванд. Чунки ин ба манфиати кор аст. Ҳатто депутатҳо бояд ҷавононро омӯзанд дар қаторҳо, то пеш аз омадан бидонанд, ки куҷо мераванд ва бояд чӣ гуна рафтору кирдор дошта бошанд».
Ин дар ҳолест, ки мавориди бадрафторӣ, лату куб ва ҳатто ба қатл расидани шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути гурӯҳҳои миллигарои рус ё тоссарҳо дар қаламрави Русия дар ҳоли афзоиш будааст.

Албатта он чӣ бештар мавриди накӯҳиши ҷавонони тоҷик мешавад, даст ба аъмоли номатлуб, назири дуздӣ ва қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо задани бархе аз муҳоҷирони тоҷик аст. Ба ин хотир наметавон гуфт, ки ҳама муҳоҷирони кории тоҷик одобу рафтори хуб доранд, аммо дар бештари маворид бадбинии русҳо нисбати мардумони осиёӣ, ба хусус тоҷикон мунҷар ба бадрафтории ҷавонони тоҷик бо милатҳои дигар, аз ҷумла русҳо мешавад.

Саъдулло, як муҳоҷири тоҷик, ки беш аз 7 соли ахир ба таври мавсимӣ ба Русия барои муҳоҷирати корӣ меравад, мегӯяд, «албатта одамони калонсоли рус бо мо муҳоҷирон рафтори хуб доранд. Бо мо муносибат мекунанд, чизе лозим шаванд пурсем мефаҳмонанд. Аммо ҷавононаш, новий руский бисёр дағалӣ мекунанд ва ҳисси бадбинӣ доранд. Мо ба гуфти худашон сиёҳҳоро нағз намебинанд».

Аз сӯи дигар пахши барномаҳои мазҳакавии «Наша Раша» дар шабакаи ТНТ – и Русия ва ҳамин тавр филми «Тухми сарнавишт» ба маънии барангехтани бадбинӣ нисбати муҳоҷирони тоҷик унвон шуда буд ва «Иттиҳоди муҳоҷирони кории тоҷик» аз додситонии Русия хоста буд, то пахшу фурӯши ин барномаҳоро мутаваққиф кунад.

Аммо ҳамакнун дар муқобили талошҳои ба танзим даровардани рафтору кирдори хориҷиён дар Русия, масъулони Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия талаб доранд, ки вақте мансабдорони рус мехоханд то рафтору кирдори дигар қавму миллатро танзим кунанд, пас беҳтар аст, то онҳо симои мардуми худро дар оина бубинанд ва баъд барои дигарон қонун ҷорӣ кунанд, «онҳо, ки мехоҳанд кодекс ҷорӣ кунанд, пас бояд барои мардуми бумии Русия низ бояд ин гуна кодекс бошад.

Чунки русҳо низ бояд рафтору кирдори худро нисбати меҳмоно ва муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд дигар кунанд. Зеро муносибати онҳо на ҳама вақт нисбати дигарон хуб аст. Вале дар кулл гирем, ман муқобили чунин кодексҳо ҳастам. Вақте, ки касеро маҷбур мекунанд, ки рафтору кирдори аврупоӣ гирад ва ё урфу одати худро сарфи назар кунад, нодуруст аст. Зеро ҳар чизе, ки манъ карда мешавад, таваҷҷӯҳ ба он бештар мешавад».

Дар шаҳри якчашма бо як чашм

Ин дар ҳолест, ки то кунун сару садоҳое барои таҳия ва тасвиби кодексҳо ё раҳнамудҳое барои москвагиҳо, музофотиҳо, петербургиҳо ва ғайра садо додааст, ки ҳукумати Русия мехоҳад тарзи рафтору кирдори сокинон, ба хусус ақаллиятҳои миллӣ ва шаҳрвандони хориҷиро таҳти контрол дошта бошад.

Аммо ҳуқуқшиносон бар ин боваранд, ки мансабдорони русро лозим аст, то дар роҳандозии чунин раҳнамудҳое ва ё қавонине шитоб накунанд. Зеро ба таъкиди онҳо дар бархе аз маворид тасвиби чунин санадҳо метавонад ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷиро нақз кунад ва эътирозу вокунишҳои ҷиддиеро ба бор оварад. Ҳамон гуна, ки манъи русарӣ дар бархе аз кишварҳои Аврупо боиси нигаронии аққалиятҳои русарипӯш шудааст.

Мардумони Қафқозу Осиёи Миёна дар бештари анъанот ва русуми мазҳабӣ бо ҳам шабоҳат доранд ва ҷилавгирӣ ва ё тундгароӣ бо чунин таъомул метавонад паёмадҳои сангинтареро дар пай дошта бошад.

Вале бо таваҷҷӯҳ ба ин ки кодекси рафтор бештар ахлоқу одоби дигар қавму миллатҳои Русияро дар назар дошта бошад, бархе аз соҳибназарон мақоли «дар шаҳри якчашма, якчашма бояд шуд» - ро беҳтарин василаи зиндагӣ ва дурӣ ҷӯстан аз ҳар гуна муноқиша ва ихтилофот медонанд.
XS
SM
MD
LG