Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Маъмурияти Амрико дар Ироқ тағйир меёбад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз гуфт, рӯзи 31 августи соли ҷорӣ маъмурияти ҷангии Амрико дар Ироқ “тавре тааҳҳуд шуда буд ва тибқи ҷадвали замонӣ” ба поён хоҳад расид.
Обама, ки шоми душанбе дар Атланта дар баробари собиқадорони маълули амрикоӣ сухан меронд, гуфт, маъмурияти нирӯҳои Амрико аз он ба баъд тағйир мекунад.
Хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Ироқ то поёни соли 2011 аз ваъдаҳои аслии пешазинтихоботии Барак Обама дар интихоботи ду соли пеши раёсатҷумҳурӣ буд. Обама ба собиқадорони маълул гуфт, ки то поёни моҳи август шумори асокире, ки аз замони ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишастани ӯ аз Ироқ берун кашида мешаванд, ба 90 000 нафар хоҳад расид. 50 000 сарбозе, ки дар Ироқ хоҳанд монд, машғули тамрини нирӯҳои амниятии Ироқ, роҳандозии амалиётҳои зиддитеррористӣ ва таъмини амнияти барномаҳои Амрико хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG