Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маросими ҷанозаи Ҳоҷӣ Атохуҷа Саидов, бародари бузурги раҳбари собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик Саид Абуллоҳи Нурӣ, дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Вахш, ҳудуди 2 ҳазор нафар ширкат дошт.

Ҳоҷи Атохуҷа 50 рӯзи ахир, пас аз амалиёти ҷарроҳии ноҳияи шуш, дар бемористон бистарӣ буд ва бар асари болоравии фишори хун, реҳлат кард. Вай 67 сол дошта, узви раёсати олии Ҳизби нахзати исломии Точикистон ва ҳамзамон раиси хоҷагии кишоварзии мавсум ба "Сарвати истиклол"-и ноҳияи Вахш буд.

Дар паҳлӯи бародари раҳбари худ......

Ҳарчанд дар маросими дафни Ҳочи Атохуҷа намояндагони хукумат ширкат наварзиданд,бисёре аз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ ва пешвохои динии кишвар дар он ҳузурдоштанд. Муҳиддин Кабирӣ, рахбари Ҳизби наҳзати исломӣ, гуфт, хизмати Ҳоҷӣ Атохуҷа
дар барқарорсозии сулхи тоҷикон беназир аст:

"Ҳоҷӣ Атохуҷа агарчи зоҳиран дар сафи аввал, дар сафи раҳбарият ва масъулин набуданд, дар сафи дуввум қарор доштанд, аммо
нақше, ки эшон адо мекарданд, мухимтар аз баъзе нафарҳое буданд, ки зоҳиран дар сафи аввал меистоданд.

Агар дигарон дар ҷустуҷӯӣ мансабу мақом буданд, эшон масъулияти бародари раҳбари ИНОТ-ро доштанд, ки баъзе ҳолатхо вазнинтару сангинтар буд. Воқеан аз худ нишон доданд, ки баҳри пешрафти Наҳзат, ҷойгохи он, ободии он тамоми талошашонро ба харҷ медиҳанд.

Ҳоҷӣ Атохуҷа расман ҳам набошад, усулан мушовир ва ёвари устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ буданд. Бо Устод машварат мекарданд, ҳама масъулияти идорӣ, қабул ва гусели меҳмонҳоро ба ӯҳда доштанд..."

Мутахассиси хуби соҳаи кишоварзӣ

Маросими ҷанозаи Ҳоҷӣ Атохуҷа Саидов бо ширкати раҳбарияти ҲНИТ сурат гирифт
Ҳоҷӣ Атохуҷа Саидов, хатмкардаи донишгоҳи кишоварзии Точикистон дар замони ҳокимияти шуравӣ буда, аз донишмандони саршиноси соҳаи кишоварзӣ маҳсуб мешуд. Ба гуфтаи Муҳидин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар соли 1997, номзадии вай ба мақоми раёсати вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби Иттиходи неруҳои мухолифини тоҷик пешниҷод шуда буд:

"Он замон банда ёвари раиси ИНОТ, устод Нурӣ будам ва ҳама корҳои вобаста ба кадрҳоро пеш мебурдам.Номзадии Ҳоҷӣ Атохуҷа дар садри феҷрасти номзадҳо ба вазирии хоҷагии қишлоқ қарор дошт. Ҳоҷӣ Атохуҷа кадри хубу шоистае буд, соҳаи кишоварзиро хуб медонист. Аммо бародарон Ҳоҷӣ Атохуҷа ва Саид Абдуллох бо хам суҳбат карданд. Ҳоҷӣ Атохуҷа гуфт, кинамехоҳад одамон гӯянд, ки бародари Нурӣ вазифаталаб буд, мансаб гирифт. Вай, ки одами азхудгузашта буд, заминӣ буд, аз ин вазифа даст кашид ва танҳо дар хизмати устод Нурӣ буд..."

«Намунаи мусалмони беҳтарин»

Ба гуфтаи Қаландар Садруддинзода, собиқ раиси созмони хатлонии ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳоҷӣ Атохуҷа як шахсияти орӣ аз сиёсат буд ва бештар ба тиҷорату кишоварзӣ сарукор мегирифт. Вай афзуд: "Агар бихоҳем, ки як намунаи беҳтарин мусалмонро ҷустуҷӯ кунем, шояд ҳамин Ҳоҷӣ Ато намунаи хубе бошад. Вай бахусус дар солхои ҷанги шаҳрвандӣ, замоне, ки дар шимоли Афгонистон дар муҳоҷират буд, барои гурезахои точик хамеша дасти кумак дароз мекард. Вай асосан ба таъмини озука машгул буд ва ба масъалахои фарҳангӣ кор дошт, ҳарчанд расман, ҳеч мақому масъулияти давлатию гайриҳукуматиро ба ӯҳда надошт..."

Дар ҳамин ҳол, ақрабо ва ҳамсояҳои Ҳоҷӣ Атохуҷа низ дар бораи шахсият ва корномаи ӯ назарҳои мусбат баён мекунанд. Ҳайдар Фозилов, марди солманде аз ҳамдеҳаҳои Ҳоҷӣ Атохуҷа, мегӯяд: "Азбакси пас аз ҷанг аксари кулли сокинони деҳаи мо дар фақру
Нодорӣ ба сар мебурданд ва бисёр ниёзманд буданду ҳастанд, Ҳоҷӣ Атохуҷа моро сарпарастӣ мекард. Вай сохибкори муваффақ ва шинохта буд, молпарвар ва кишоварзи мохир хам буд. Умуман, ҳам Ҳоҷӣ Атохуҷа ва ҳам Саид Абдуллоҳ, ки зодагони ҳамин деҳа
ҳастанд, инсонҳои хуб буданд, худододу сарватманд буданд ва ба мардуми фақир дасти кӯмак дароз мекарданд".

Ҳоҷӣ Атохуҷа Саидов, ки аз хонаводаи бонуфуз ва бародари бузурги Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди Ҳизби Наҳзати исломии кишвар буд, дар водии Вахш аз нуфузу эътибори густарда бархурдор буд. Пайвандон ва сокинони маҳалла аз вай ҳамчун
соҳибкори муваффақ ва фарди саховатпешаву олими дин ёд мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG