Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Роғун дар мулоқоти Раҳмон бо Алекс ва Конишӣ


Имрӯз дар Душанбе дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мудирони минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Теодор Алекс ва Моту Конишӣ дурнамои ҳамкориҳои Душанбе бо ин ниҳоди молӣ ва масоили вобаста ба тарҳи эҳдоси нирӯгоҳи барои Тоҷикистон муҳими Роғун баррасӣ шудааст. Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ, меҳмонон оқои Раҳмонро аз натоиҷи муҳокимаи масъалаи Роғун дар ҳузури раҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ хабардор кардаанд. Ҷузъиёти натоиҷи бадастомада дар ин муҳокима ироа нашудааст, вале оқои Раҳмон гуфтааст, ташхиси тарҳи Роғун бояд дар сатҳе анҷом шавад, ки “шубҳае ба бехатарии он ба муҳити зист ва низоми таъмини оби минтақа боқӣ намонад.”
Ташхиси фанниву зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро феълан коршиносони Бонки ҷаҳонӣ анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG