Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозҳои хунин дар Кашмири Ҳинд


Мақомот мегӯянд, имрӯз дар ҷараёни эътирозҳои хушунатомез дар Кашмири таҳти назорати Ҳинд 4 нафари дигар кушта шуда, теъдоди қурбониёни 3 рӯзи задухӯрдҳо байни издиҳом ва нирӯҳои амниятӣ ва тазоҳуроти зидди Ҳинд дар ин минтақа, ба ин тартиб, ба 19 нафар расид. Задухӯрдҳо байни сокинони маҳаллӣ ва нирӯҳои амниятӣ шоми ҷумъа дар Сринагор, пойтахти Кашмири таҳти контроли Ҳинд, оғоз шуда, баъдан ба боқӣ шаҳрҳои бузурги ин водии умдатан мусалмоннишин густариш ёфт. Мақомот дар посух дар ин минтақа қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд. Издиҳоми хашмолуд алайҳи аз 11 июн ба ин сӯ кушта шудани дастикам 34 ғайринизомӣ бо дасти нирӯҳои амниятӣ дар минтақаи Ҳимолой эътироз мекард. Ҳинд Покистони ҳамсояро дар кӯмак ба ҷангиёни Кашмир айбдор мекунад. Аммо Исломобод инро радд карда, ин ҷангиёнро муборизи роҳи озодӣ меномад.
XS
SM
MD
LG