Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод Обамаро ба баҳси якбаяк даъват кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз ҳамтои амрикоияш Барак Обамаро ба як баҳси рӯбарӯи телевизионӣ пиромуни роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷаҳон даъват кард.
Аҳмадинажод дар Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, умедвор аст, ки Обама барои “музокироти якбаяк” дар ҳузури хабарнигорон дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар моҳи сентябр омода бошад. Раҳбари Эрон ҳамчунин Обамаро ба иллати аз даст додани, ба гуфтаи ӯ, “фурсати таърихӣ” ҷиҳати эҳёи равобит бо Эрон интиқод кард. Аҳмадинажод қаблан ба раисиҷумҳури собиқи Амрико Ҷорҷ Буш низ пешниҳоди чунин баҳс карда буд, вале радд шуд. Кохи Сафед ба пешниҳоди ҷадиди Аҳмадинажод ҳанӯз посухе надодааст.
XS
SM
MD
LG