Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониёни сӯхтор дар Русия ба 34 расид


Шумори қурбониёни сӯхторҳо дар Русия ба дастикам 34 нафар расид. Бар асари ин оташсӯзиҳо садҳо манзил тахриб ва майдонҳои бузурге комилан хокистар шуд, вале сӯхторнишонҳо мегӯянд, ки онҳо ба пешрафтҳое ноил шудаанд ва мавҷи сӯхтор акнун фурӯ менишинад.
Вазорати изтирории Русия мегӯяд, тайи шабонарӯзи охир дар ин кишвар ҳудуди 500 сӯхтори ҷадид сабт шуда, вале аксарашро билофосила хунсо кардаанд. Ин дар ҳолест ки феълан Русия бо гармои дар 130 соли охир бесобиқае дастбагиребон шудааст. Сарвазири Русия Владимир Путин имрӯз бо волиёни манотиқи аз сӯхтор осебдида як нишасти изтирорӣ барпо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG