Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

FIFA ба ироқиҳо як соли дигар фурсат дод


FIFA, Иттиҳодияи байналмилалии футбол имрӯз барои интихоботи мақомоти Иттиҳодияи футболи Ироқ як соли дигар фурсати изофӣ дод ва ба ин тартиб, таҳдиди манъи фаъолияти ин Иттиҳодияро аз байн бурда, роҳро барои ширкати тими миллии Ироқ дар бозиҳои Ҷоми Осиё дар моҳи январи соли оянда ҳамвор кард.
Ин қарор ба раҳбарони Иттиҳодияи футболи Ироқ имкон медиҳад, ки то моҳи июли соли 2011 ҳама ихтилофоти назари худро рафъ ва шароитро барои интихоботи ҷадид муҳайё кунанд. Натоиҷи интихоботи моҳи гузаштаи мақомоти ин ниҳод ба ин далел, ки фирқаи сунниҳо гуфт, натавонистааст барои ширкат дар раъйгирӣ ба Бағдод бирасад, лағв шуд.
XS
SM
MD
LG