Пайвандҳои дастрасӣ

Партоби мушакҳои "Град" болои Ақаба ва Эилот


Имрӯз дар натиҷаи ба яке аз кӯчаҳои бандари Ақабаи Урдун асобат кардани мушаки навъи “Град” як ронандаи 51-солаи таксӣ кушта ва 4 ғайринизомии дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазорати умури дохилаи Урдун гуфт, таҳқиқот ҳокист, ки ин мушак аз биёбони Синайи Миср партоб шудааст.
Мақомоти Исроил мегӯянд, 5 мушак, ки низ бовар меравад аз биёбони Синай партоб шудааст, дар дохил ва ҳошияи бандари Эилот, воқеъ дар тақрибан 10-километрии Ақаба пойин шудааст. Синай дар гузашта як маҳалли фаъолияти ҷангиёни исломӣ маҳсуб мешуд. Аммо мақомоти Миср эҳтимоли аз Синай партоб шудани ин мушакҳоро радд мекунанд.
Қаблан Исроил дар пайи ҳамлаҳои мушакии 2 рӯзи гузашта гурӯҳи Ҳамосро, ки назорати сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро дар даст дорад, ҳушдор дод, ки ҳамлаҳои минбаъдаро бидуни посух нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG