Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари кашфи бозмондаҳои Яҳё


Як гурӯҳи бостоншиносон ба раҳбарии профессор Казимир Попконстантинов иддао дорад, ки дар ҷазираи Святой Иоанн, дар наздикии соҳили Булғористон, бозмондаҳои Яҳёро, ки дар дунёи масеҳӣ ҳамчун John the Baptist ё Иоанн Крестител маъруф аст, кашф кардаанд. Ин гурӯҳи бостоншиносон дар ин ҷазира мазореро бо як тобут пайдо кардааст, ки дар поёни асри 4 ё авоили асри 5 дар дохили калисо бунёд ёфтааст.
Дар девори тобут исми Яҳё навишта шудааст. Ҳангоми аз мазор берун кашидани тобут намояндагони калисои православии Булғористон низ ҳузур доштаанд. Гуфта мешавад, бозмондаҳои устухони даст, косахонаи сар ва баъзе дандонҳои Яҳё дар дохили тобут будааст. Ба бовари аҳли Масеҳ, Яҳё, ё Иоанн Крестител, аз шумори онҳое буд, ки аз зуҳури Исои Масеҳ дарак медод ва Исои ҷавонро баъдан дар рӯди Урдун таъмид кардааст.
XS
SM
MD
LG