Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як рӯҳонӣ дар рустои Дарёободи Рӯдакӣ


Мақомоти интизомии Тоҷикистон Мавлавӣ Абдулқаҳҳор, як рӯҳонии ҷавон дар рустои Дарёободи ноҳияи Рӯдакиро ҳамроҳ бо даҳҳо шогирдаш боздошт кардаанд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Мавлавӣ Абдулқаҳҳор бидуни хатти муҷаввиз ба таълими пулакӣ машғул буда, вале ҳатто оддитарин меъёрҳои беҳдоштӣ дар мадрасааш муроот намешуд: САДО.
Наздикони Мавлавӣ Абдулқаҳҳор мегӯянд, ки ӯ дар мавсими таътилоти тобистона ба наврасон таълими динӣ медод.
Гуфта мешавад, ин боздошт дар чаҳорчӯби амалиёти саросарии “Мадраса” анҷом мешавад, ки алайҳи фаъолияти мадориси ғайриқонунии мазҳабӣ равона шудааст. Аммо коршиносони умур ҷилавгирӣ аз исломишавии бештари ҷомиаро аз аҳдофи аслии амалиёти нави мақомот ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG