Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Исроил ба гурӯҳи Ҳамос


Дар пайи ҳамлаҳои мушакии 2 рӯзи гузашта сарвазири Исроил гурӯҳи Ҳамосро, ки назорати сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро дар даст дорад, ҳушдор дод. Бенямин Нетаняҳу ба аъзои кобинааш гуфт, Исроил ин гурӯҳи ҷангии исломиро масъули бурузи хушунатҳо мешуморад ва ба ҳар ҳамла алайҳи мардумаш посух хоҳад дод. Нетаняҳу гуфт, Исроил ба хотири дифоъ аз мардум ва атфол аз тамоми васоили дифоъ истифода хоҳад бурд. Ҳамлаҳои ахири мушакӣ дар Исроил тахриботе дар пай дошт, вале касе аз он осеб надидааст.
Ягон гурӯҳи фаластинӣ масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст. Исроил бо як силсила зарбаҳои ҳавоӣ алайҳи ҷангиён посух додааст, ки аз ҷумла мунҷар ба ҳалокати як фармондеҳи аршади қаноти низомии гурӯҳи Ҳамос шуд.
XS
SM
MD
LG