Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Доку Умаров аз раҳбарии чирикиҳои чечен


Як сомонаи ғайрирасмӣ, ки ҳамчун минбари чирикиҳои Қафқози шимолӣ хидмат мекунад, хабар дод, ки раҳбари чирикиҳои чечен Доку Умаров истеъфо дода, Асламбек Вадаловро ба ҷойи худ таъйин кардааст. Сомонаи “kavkazcenter” мегӯяд, ки Умаров ба далоили вазъи саломатиаш истеъфо дода, вале аз ҷиҳод канор нахоҳад рафт. Дар навори видеоиии Доку Умаров, ки рӯзи 1 август дар Интернет нашр шуд, ӯ мегӯяд: “Ман аз мақом меравам. Имрӯз ман дар воқеъ бар ин назарам, ки бародари мо Асламбек, ки ҷавонтар аст, нирӯи бештар дорад ва натоиҷи дигаре ба даст хоҳад овард. Аммо ин ба маъное нест, ки ман аз ҷиҳод канор биравам. Иншоллоҳ, ман ҳамчун муҷоҳиди солдида чӣ бо гуфтор ва чӣ бо кирдор, тамоми кореро, ки аз дастам меояд, анҷом хоҳам дод.”
Ахиран Амрико низ Доку Умаровро ба рӯйхати афроди террорист шомил кард. Умаров масъулияти як силсила ҳамлаҳои охир дар Русия, аз ҷумла бомбгузориҳои рӯзи 29 март дар метрои Маскавро, ки дастикам 40 кушта ба ҷо гузошт, бар ӯҳда гирифтааст. Истеъфои Доку Умаровро мақомоти Русия ва маъмурияти рӯ ба Маскави Грозний то ҳол ташреҳ накардаанд.
XS
SM
MD
LG