Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 кӯдак дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар Қандаҳор


Як бомбгузори маргталаб дар вилояти Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон, худро дар назди мошини пулис, ки Нозак ном мақоми давлатиро ба ҷойи кораш мебурд, таркондааст. Бар асари ин инфиҷор 5 кӯдак кушта шудаанд.
Ба дунболи ин ҳамлаи интиҳорӣ дар пайи ба ҷойи ҳодиса расидани маъмурони пулис як бомби рӯироҳ низ таркид, ки мунҷар ба ҷароҳат бардоштани 2 корманди пулис ва яке аз муҳофизони Нозак шуд. Нозак ба хабарнигорон гуфт, мошини ӯ низ тахриб шуда, вале худаш осебе надидааст.
Тайи моҳҳои охир ҳамалоти ҳадафмонда дар вилояти Қандаҳор афзоиш ёфтааст. Танҳо дар улусволии Данд дастикам 9 узви Шӯрои маҳаллӣ кушта шудaанд.
XS
SM
MD
LG