Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомӣ Мавлавӣ Абдуқаҳҳор, рӯҳонии деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакиро бо даҳҳо тан аз шогирдонаш боздошт кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздошти Мавлавӣ Абдуқаҳҳор, рӯҳонии ҷавон дар рустои Дарёободи ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард.

Мақомот: Мавлавӣ ғайриқонунӣ таълим медод

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, Мавлавӣ Абдуқаҳҳор ба далели ин ки ба таълими ғайриқонунии усули дин ва он ҳам ба наврасони аз чор то 16-сола машғул буд, боздошт шудааст.

«Боздошти ӯ чанд сабаб дорад. Аввалан, дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигаҳ доштан ва ба таълим фаро гирифтани наврасону ҷавонон. Дуввум, дар он ҷо наврасони аз 4 то 16-сола таълим мегирифтанд. Дар ҳоле ки мувофиқи қонун кӯдакони то ҳафтсоларо ба таълими динӣ ва хатти арабӣ фаро гирифтан мумкин нест», -афзуд вай.

Маҳмадулло Асадуллоев ҳамчунин гуфт, Мавлавӣ Абдуқаҳҳор дар зери тарбияти худ ҳудуди 70 шогирди наврас дошта, бидуни иҷозатномаи расмии мақомоти давлатӣ ин фаъолияти худро роҳандозӣ кардааст.

Дар се ҳафтаи гузашта мақомоти тоҷик ҳамингуна 7 «мадрасаи хонагӣ» дар шимоли кишварро ба далели надоштани муҷаввиз баста, соҳибони онҳоро ҷаримабандӣ карданд.

Манъи таълими ғайрирасмии динӣ

Мақомот мегӯянд, бар асоси қонуни нави озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ бояд ҳар нафаре, ки мехоҳад таълими динӣ диҳад, аз ниҳоди умури дин иҷозатнома дарёфт кунад.

Дар банди ҳаштуми қонуни озодии виҷдон ва созмонҳои динӣ низ гуфта шудааст, ки:

  • ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад;
  • масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ тибқи оинномаи (низомномаи) худ бо роҳи таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ ба омӯзонидани асосҳои дин машғул шуда метавонанд;
  • таълими динӣ баъд аз гирифтани иҷозатномаи давлатӣ мумкин аст;
  • таълими динии кӯдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризоияти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад.

Нақли падари Мавлавӣ Абдуқаҳҳор

Замоне ки мо ба манзили Мавлавӣ Абдуқаҳҳор ворид шудем, ҷуз падари пири ӯ каси дигаре набуд. Ҳатто шогирдоне, ки ба гуфтаи ҳамсояҳояш то ду ҳафтаи пеш дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва таълим мегирифтанд.

Падари Мавлавӣ Абдуқаҳҳор аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ кард, вале ҳаминро гуфт, ки фарзанди ӯро танҳо ба хотири ин, ки ба таълими динӣ машғул будааст, боздошт ва тӯли як ҳафта нигаҳдорӣ кардаанд.

Аммо дар ҳамин ҳол, сомонаи интернетии ҲНИТ дар бораи лату кӯб шудани Мавлавӣ Абдуқаҳҳор ва шогирдони ӯ хабар додааст.

«Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД аз деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди 70 нафар наврасро якҷо бо Мавлавӣ Абдуқаҳҳор боздошт ва мавриди лату кӯб қарор додааст», -менависад ин сомона.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ, мегӯяд, тундгароии дунявии ҳукумат ба зуҳури тундгароии исломӣ хоҳад овард
"Тундгароии дунявии ҳукумат"?


Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҲНИТ низ мегӯяд, тундгароии дунявии ҳукумат оқибат ба зуҳури тундгароии исломӣ хоҳад расонд.

Бо ин ҳол, Мавлавӣ Абдуқаҳҳор исми начандон ошно дар саҳнаи мазҳабии кишвар аст. Вай дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунад ва аксаран ӯро бо номи «бародарзодаи Махсуми Имомиддин» мешиносанд.

Агарчӣ пайвандони ӯ иттилоеро дар бораи таҳсилоти Мавлавӣ Абдуқаҳҳор дар ихтиёри мо нагузоштанд, вале баъзе аз манобеъ мегӯянд, ки ӯ хатмкардаи мадрасаи Зоҳидони Эрон ва ҳам як мадрасаи динӣ дар Покистон будааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG