Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии 17 маҳбуси сиёсӣ дар Эрон


Сомонаҳои интернетии мухолифини Эрон гузориш медиҳанд, ки ҳафтаи гузашта 17 маҳбуси сиёсӣ ба нишони эътироз ба бадрафториҳо дар зиндон гуруснанишинӣ кардаанд. Сомонаи “Калима” навишт, ки 5 тан аз гуруснанишинон ба бемористон мунтақил шудаанд. Ин гурӯҳ афроде сар карда аз фаъолони созмонҳои донишҷӯӣ Маҷид Таваккулӣ ва Абдуллоҳ Мӯъминӣ ва рафта то хабарнигорони ислоҳталаб Баҳман Аҳмадии Амӯӣ ва Кайвон Самимиро фаро мегирад.
Ҳамаи онҳо дар ҷараёни саркӯб кардани эътирозҳои пасоинтихоботии соли гузашта боздошт шудаанд.
Сомонаи “Калима” навишт, ки ин гурӯҳ алайҳи интиқоли онҳо ба ҳуҷраҳои яккасии зиндон ва ба нишони эътироз ба таҳқиру бадрафторӣ гуруснанишинӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG