Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти мошин ба Тоҷикистон 44% коҳиш ёфтааст


Воридоти васоили нақлия ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ 44 дарсад, ё ба маблағи қариб 74 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Имсол ба Тоҷикистон ба маблағи 95 миллион доллар мошин ворид кардаанд. Ин нишондиҳанда дар 6 моҳи аввали соли қаблӣ 169 миллион долларро ташкил медод. Таҳлилгарон асароти бӯҳрони молӣ ва боло рафтани қимати маводи сӯхтро аз омилҳои аслии ба ҳоли рукуд даромадани бозори васоили нақлия дар Тоҷикистон ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG