Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вардак: Асноди чопкардаи “WikiLeaks" тозагӣ надошт


Вазири дифоъи Афғонистон Абдулраҳими Вардак имрӯз эҳтимоли пайомадҳои хеле ногувор ба бор овардани нашри ҳудуди 92 000 асноди низомии махфии Амрико тавассути сомонаи “WikiLeaks”-ро радд кард ва гуфт, маълумоти нашршуда “тозагии зиёд надошт.” Вардак, ки дар ҷараёни боздидаш аз Малайзия сӯҳбат мекард, гуфт, Кобул алакай “аз мизони фаъолиятҳо ва ҳимоят аз Толибон хабар дошт.” Ӯ ҳамчунин нашри ин маълумотро кори хуб унвон кард, чунки “акнун ҳама аз он дарак ёфтанд.” Сомонаи интернетии WikiLeaks гузоришҳои махфии марбут ба ҷанги Афғонистонро нашр кард, ки давраи аз соли 2004 то поёни соли 2009-умро фаро мегирад. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай нашри ин аснодро маҳкум карда буд.
XS
SM
MD
LG