Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори хашми мардуми офатзада дар Покистон


Афроде, ки аз селхезиҳои ахири пурқурбонии Покистон ҷон ба саломат бурда, дар як шароити сахт дар хаймаҳо ба сар мебаранд, имрӯз аз беамалии давлати Покистон дар амри иҷрои тааҳҳудоти супурдааш изҳори қаҳру хашм карданд. Мақомот мегӯянд, шумори қурбониёни обхезиҳои дар тӯли солиён бесобиқа ба 1100 нафар расида ва метавонад боз ҳам биафзояд. Офати табиӣ дар устони Хайбар-Пахтунхва, дар шимолуғарби Покистон ба беш аз 1,5 миллион нафар асобат кардааст. Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун ба осебдидагон дар Покистон ваъдаи то 10 миллион долар кӯмак карда, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ гуфт, ки Вошингтон дар қадами аввал дар садади ба Покистон фиристодани кӯмаку муҳимот ба маблағи 10 миллион доллар аст.
XS
SM
MD
LG