Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Иноят Насриддин


Нависанда ва драматурги шинохта Иноят Насриддин шаби 2 август бар асари сактаи қалбӣ аз дунё даргузашт. Маросими ба хоксупории вай имруз баргузор мегардад. Нависанда ва драматурги фақид Иноят Насриддин дар таърихи 15 феврали 1946 дар Сариосиёи ҷумҳурии Узбакистон чашм ба дунё кушодааст. Вай яке драматургҳои варзидаи буда асарҳояш дар саҳнаҳои зиёд рӯи саҳна омадаанд. Дар байни эҷодиёти Иноят Насриддин асари «Қотили ҷонҳо» аз маҳбубияти зиёде бархурдор аст. Иноят Насриддин солҳои зиёде хабарнигори радиои Тоҷикистон буд. Дар чанд соли охир вай дар вазифаи сармутахассиси идораи бахши театрҳо ва гурӯҳои ҳунари мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа менамуд.
XS
SM
MD
LG