Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обхезии бесобиқа дар Покистон


Шумораи кушташудагони селобҳо ахир дар Покистон ба 1400 расидааст. Бино ба гузоришҳои расида, бар асари ин обхезиҳои мавсимӣ 1.5 миллион нафар зиён дидаанд. Маркази ин офатҳо вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ дар шимол-ғарбӣ Покистон будааст.

Як мақоми давлатӣ дар ин вилояти офатзада гуфтааст, ки бар асари боронгариҳои пайдарпайи чанд рӯзи ахир, ки дар таърихи Покистон бесобиқа будааст, 713 нафар дар шаҳрҳои Пешовар, Навшеҳра, Чорсадда ва беш аз 300 нафари дигар дар дараи Сувот ба Шангла ҷони худро аз даст додаанд.

Ҳазорҳо хона, садҳо километр ҷода ва даҳҳо кӯпрук хароб шуда садҳо ҳазор одамон бехонаву кошона шудаанд. Гуфта мешавад шоҳроҳи Исломобод-Пешовар низ аз ин фалокат эмин намонда ва аз чанд рӯз ба ин тараф масдуд шудааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Покистон барои наҷоти мардум тамоми нерӯи худро басеҷ кардаанд. Артиши ин кишвар мегӯяд, бо ҳамкории нерӯҳои баҳрӣ ҳазорҳо нафарро аз дами марг наҷот додаанд. Ҳафт чархболи ИМА низ дар амалиёти наҷоти мардуми осебзада ширкат мекунанд.

Нигаронӣ аз паёмадҳои ин фоҷиъа

Аз тарафи дигар, созмонҳои кӯмакрасон аз сар задани як фоҷиъа дар минтақаҳои офатзада хабар додаанд. Намояндагони СММ дар минтақа гуфтаанд бар асари камбуди маводи хӯрока ва оби софи ошомиданӣ паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда мушоҳида шудааст.

Дар ҳамин ҳол амалиёти кумак ба зарардидагони ин офат оғоз шудааст. Маводи зарурии аввалия таввассути чархболҳо интиқол дода мешавад.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфтаст, кишвараш барои рафъи паёмадҳои обхезии мудҳиш ба ҳайси кӯмаки аввалия ба Покистон таҷҳизот ва 10 миллион доллар кӯмак мекунад.

Бино ба иттилот хабаргузории давлатии Чин, давлати ин кишвар низ ба зарардидагони ин селобҳо ба маблағи 1.5 миллион доллар кумак намудааст
XS
SM
MD
LG