Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми давраи дуввуми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон


Давраи дуввуми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба анҷом расид. Дастаҳои “Регар” ТадАЗ-и Турсунзода ҷои дуввум ва “Хайр”-и Ваҳдат ҷои севумро касб карданд.

Чаҳор бозии охирини давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат – 31-уми июл ва 1-уми август баргузор шуд.

«Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Олим Зарифов, бозигари “Хайр”, дар дақиқаҳои аввали дидор ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Шӯҳрат Шамсиев пеш аз танаффус зад. Низом Раҳимов, ҳамлагари мизбонон, дар нимаи дуввуми бозӣ ду гол ба самар расонд.

Бозии рақибони аслӣ - «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Дар бозии дигари даври гузашта ССКА «Помир»-и Душанбе дастаи «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. ССКА “Помир”, ки дар 5 бозии охир 11 имтиёз ба даст овардааст, бо 21 хол ҷои панҷумро касб намудааст.

Дар бозии охирини даври 18-ум «Равшан»-и Кӯлоб бар тими меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби бузурги 4:1 пирӯз шуд. Воқеъан, ин аввалин ғалабаи “Равшан” дар мусобиқаи имсола маҳсуб мешавад.

Ва аммо сарфи назар аз натоиҷи ин бозиҳо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби давраи дуввуми мусобиқот гардид. «Истиқлол» аз 16 бозӣ 40 имтиёз ба даст овардааст ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

Вале «Регар» ТадАЗ, ки дар ду бозии пешин шикаст хӯрда буд, шонси гирифтани ҷои аввалро дар давраи дуввуми мусобиқот аз даст дод ва натиҷаи мусовӣ бо «Вахш» мавқеашро дар ҷадвал тағйир надод. «Регар» ТадАЗ бо 36 имтиёз дар ҷои дуввум қарор гирифтааст.

«Хайр» бо 30 имтиёз ҷои севум ва «Вахш» бо 26 имтиёз ҷои чорумро касб кардаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвал баъди давраи дуввум

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

16

12

4

0

37-9

40

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

11

3

2

45-10

36

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

16

9

3

4

28-18

30

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

7

5

4

17-13

26

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

16

5

6

5

18-23

21

6.

«Энергетик» (Душанбе)

16

4

3

9

18-29

15

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

3

5

8

20-30

14

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

16

3

3

10

18-34

12

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

16

1

2

13

11-45

5



Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 17 гол, Давронҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ») – 12, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 8-голӣ.
XS
SM
MD
LG