Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки ИМА ба Покистон барои рафъи паёмадҳои офат


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, кишвараш барои рафъи паёмадҳои обхезии мудҳиш ба ҳайси кӯмаки аввалия ба Покистон таҷҳизот ва 10 миллион доллар кӯмак мекунад. Хонум Клинтон гуфт, сафорати Амрико дар Исломобод, интиқоли чархболу, киштӣ, абзорҳои тасфияи об ва маводи ғизоиро ҳамоҳанг мекунад. Миён Ифтихор Ҳусайн, вазири иттилоъоти вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон имрӯз гуфт, бар асари обхезиҳо бештар аз 1100 нафар кушта шуда ва якуним миллион нафари дигар зарар дидаанд.
XS
SM
MD
LG