Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико тарҳи омодаи ҳамла ба Эрон доштааст


Як мақоми олирутбаи низомии Амрико мегӯяд, кишвараш барномаи омодаи ҳамла ба Эрон дар даст дорад, аммо ҳарду дурнамо, чӣ ҳамла ба Эрон ва чӣ Эрон мусаллаҳ бо бомби атомӣ бисёр нигаронкунанда аст. Майк Муллен, раҳбари ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида ба телевизиони Эн Би Си гуфт, “паёмадҳои ғайриамдии ҳарду дурнамо” дар ин “гӯшаи ба таври боварнокарданӣ гӯшаи ноамни дунё” бештар аз ҳама ӯро нигарон кардааст. Майк Муллен гуфт, “иқдоми низомӣ алайҳи Эрон як гузинае барои Барак Обама раиси ҷумҳури буда ва мемонад.”
XS
SM
MD
LG