Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Нетаняҳу ба раҳбарони гурӯҳи Ҳамос


Ба думболи мушакандозиҳо аз Навори Ғазза ба Исроил, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар ба раҳбарони Ҳамос ҳушдор дод, ки Ғаззаро таҳти контрол доранд. Бенямин Нетаняҳу дар нишасти ҳукуматаш гуфтааст, ки Исроил он гурӯҳи тундрави исломиро маъсули барангехтани хушунатҳо медонад ва барои ҳар ҳамла ба шаҳрвандони Исроил ниқор хоҳад гирифт. Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, “Исроил барои дифоъи мардум ва фарзандонаш ҳамчунон аз тамоми васоил истифода хоҳад кард”. Дар ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа аз Навори Ғазза ба як шаҳри Исроил, ба ин шаҳр хисороте ворид шуд вале касе осеб надид. Ҳеҷ гурӯҳи фаластинӣ маъсулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифт. Исроил дар посух ба ин ҳамла ба мавзеъҳои тундравон дар Навори Ғазза мушак андохта ва як фармондеҳи баландмақоми шохаи низомии Ҳамосро кушт.
XS
SM
MD
LG