Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳраки Саразм мероси ҷаҳонии фарҳангӣ шуд


ЮНЕСКО, Муассисаи фарҳанг ва илми Созмони Милал, ёдгории таърихии Саразм воқеъ дар шимоли Тоҷикистонро бар феҳрасти мӯътабари Мероси ҷаҳонии фарҳангӣ шомил кард. Шаҳраки Саразм дар ноҳияи Панҷакент ёдгории 5 ҳазор соли пеш аз солшумории милодиро, Тоҷикистон ба он феҳраст пешниҳод кардааст. Ҷованнӣ Боккардо, раҳбари дафтари Осиё ва Уқёнусия дар Кумитаи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО ба Радиои Озодӣ гуфт, Саразм ба хотири арзиши бебаҳои фарҳангиаш ба феҳрасти мазкур ворид шуд:"Саразм аз чаҳорҳазолаи пеш аз милод як маркази муҳими фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ будааст. Ғолибан муҳимтарин маркази тиҷоратӣ дар минтақа дар он аҳд будааст, ки ду навъи мардумро ба ҳам мепайваст, чорводорони кӯчӣ, ки дар манотиқи кӯҳӣ ва кишоварзон, ки дар водиҳо зиндагӣ мекарданд." Парки Миллии Тоҷикистон, ки кӯҳистони Помирро дар бар мегирад, номзади дигаре аз Тоҷикистон барои сабт дар феҳрасти Мероси ҷаҳонӣ аст, ки имрӯз қарор дар мавриди он низ содир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG