Пайвандҳои дастрасӣ

Обхезиҳо дар Покистон 1100 нафарро куштааст


Мақомоти расмии Покистон эълом карданд, ки бар асари обхезиҳои фалокатбор дар манотиқи шимолуғарбии ин кишвар бештар 1100 нафар ҳалок шудаанд ва якуним миллион нафари дигар осеб дидаанд. Миён Ифтихор Ҳусайн, вазири иттилоъоти вилояти Хайбар Пахтунхваи Покистон гуфт, бо назардошти вусъати харобиҳо зоҳиран теъдоди қурбониён бештар аст. Ба гуфтаи мақомот, баъзе аз рустоҳо комилан шуста шудаанд, анборҳои ғалла вайрон ва чорвои зиёде ҳам талаф шудааст. Созмони Милал пеш аз ин гуфт, бар асари боришоти сахт ва обхезиҳо бештар аз як миллиону сад ҳазор нафар дар Покистон осеб дидаанд. Ҳукумати Амрико гуфт, ки барои рафъи харобиҳо ба Покистон 10 миллион ихтисос дода ва ба маҳалли офат чархболу киштӣ, пул ва дигар абзори зарурӣ мефиристад.
XS
SM
MD
LG