Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ИМА моҳи июл Афғонистонро тарк намекунанд


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико дар мусоҳиба бо телевизиони “АВС”-и Амрико гуфт, нерӯҳои кишвараш “моҳи июли соли оянда Афғонистонро тарк нахоҳанд кард.” Ӯ доир ба ихроҷи теъдоди “маҳдуди” сарбозони Амрико аз Афғонистон сухан гуфт ва афзуд, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида пеш аз шикасти ҷангҷӯёни Толиб аз Афғонистон хориҷ нахоҳанд шуд. Ба гуфтаи вазири дифоъи Амрико, коҳиши теъдоди сарбозони кишвараш ба пешрафтҳо дар Афғонистон вобаста хоҳад буд. Роберт Гейтс афзуд, мо ҳар қадар пешрафт кунем, ихроҷи нерӯҳо ҳам ғолибан суръат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG