Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як аҳдномаи муҳими байналмилалӣ ҳукми иҷро гирифт


Аҳдномаи байналмилалии манъи бомбҳои хӯшаӣ дирӯз ба ҳукми иҷро даромад. Ин аҳднома, захира, истифода ва интиқоли ин навъи аслиҳаи маргборро мамнӯъ карда ва кишварҳоеро ки ба аҳднома пайвастаанд, муваззаф мекунад, то захираҳои бомбҳои хӯшаии худро нобуд кунанд. Аҳдномаи мазкур соли 2008 таҳия шуда ва ба он то кунун 100 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон низ пайвастааст. Русия, Чин, Амрико, Ҳинду Исроил ва Покистон, ки аз тавлидкунандагони бомбҳои хӯшаӣ ҳастанд, аҳдномаи мазкурро имзо накардаанд.
XS
SM
MD
LG