Пайвандҳои дастрасӣ

Равшан ва Ҷамшуд аз силсилаи "Наша Раша" ихроҷ шуданд


Ширкати танзи "Наша Раша" эълон кард, ки аз идомаи истифодаи нақши Равшан ва Ҷамшуд, ки ғолибан намояндагони муҳоҷирони тоҷик дар Русия шумурда мешуданд, даст кашидааст. Дар силсилаи нави танзҳои худ "Наша Раша" танҳо ду қаҳрамони силсилаҳои гузашта -- муҷрии намоишҳои телевизионӣ Жорик Вартанов ва бинандаи телевизион аз Таганрог Сергей Беляковро ҳифз кардааст. Танзҳои "Наша Раша" аввалин бор дар соли 2006 ба намоиш омада, махсусан нақшҳои Равшан ва Ҷамшуд эътирози зиёди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба миён оварда буд. Ахиран раёсати диаспораи арманиҳои Русия низ аз рӯҳияи нажодпарастона ва бегонабадбинии намоишҳои "Наша Раша" эътирози шадид баён карда, аз бозигарон ва коргардонҳои он, ки асосан арманитаборанд, талаб намуд, арманиҳоро бо тоҷиконро ҷанг наандозанд.
XS
SM
MD
LG