Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зиддиамрикоӣ дар Кобул


Зиёда аз 200 нафар имрӯз дар Кобул бо эътироз аз ҳалокати 52 ғайринизомӣ, ки гуфта мешавад, бар асари зарбаи нерӯҳои НАТО кушта шудаанд, тазоҳурот барпо карданд. НАТО мегӯяд, далеле дар ин робита надорад. Тазоҳуркунандагон бо шиорҳои "Марг бар Амрико!" акси кӯдаконеро дар даст доштанд, ки гӯё дар ин ҳамла дар вилояти Ҳилманд ба ҳалокат расидаанд. Яке аз мӯътаризон, бо номи Бибӣ Саҳар гуфт: "Мо барои он ҷамъ омадем, ки аъмоли бераҳмонаи Амрикоро маҳкум кунем. Ҳар рӯз даҳҳо шаҳрванди Афғонистон, асосан занон, аз дасти нерӯҳои Амрико кушта мешаванд." Бино бар натиҷаҳои таҳқиқе, ки Шӯрои амнияти миллии Афғонистон анҷом додааст, 52 ғайринизомӣ, аз ҷумла занону кӯдакон бар асари зарбаи мушакии нерӯҳои НАТО дар як хона дар Ҳилманд кушта шудаанд. Аммо сухангӯи НАТО Ҷозеф Блотз мегӯяд, таҳқиқ ҳеҷ гуна далели ин иттиҳомро пайдо накардааст.
XS
SM
MD
LG