Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси нахустин ширкати тоҷикӣ-амрикоӣ


Барои нахустин бор дар ноҳияи Рашт шаҳрванди Амрико Майлз Глитон ва ду шаҳрванди Тоҷикистон як коргоҳи хурди коркарди пӯстро бо номи «Ганҷи Рашт» ифтитоҳ кардаанд.

Ин коргоҳ дар рустои Белгии ноҳияи Рашт бунёд шуда, феълан дар он панҷ нафар аз сокинони маҳаллӣ ба коркарди пӯст машғуланд.

Муассиси он Майлз Глитон гуфт, то як моҳи дигар шумори коргарон дар ин коргоҳ ба 15 нафар хоҳад расид ва дар замина ин коргоҳ якчанд намуд маҳсулоти дигар тавлид хоҳад шуд.

Саидбаҳром Муборов, ки дар ин коргоҳ ба коргарон усули коркарди пӯстро меомӯзонад, гуфт, дар ҳоли ҳозир чаҳор намуди маҳсулот, аз ҷумла дастпӯшак, лавозимот барои дохили мошин ва ғайра, тавлид мешавад.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз дар дӯкону бозорҳои минтақа маҳсулоти пӯстӣ аз кишвари Чин ба савдо меравад, ки дар муқоиса ба маҳсулоти «Ганҷи Рашт» сифати хуб надоранд.

Ҷаноби Саидбаҳром мегӯяд, корхонаи «Ганҷи Рашт» дар шабакаи ҷаҳонии интернет саҳифаи худро дорад ва барои навовариҳо дар кори худ аз таҷрибаи ширкатҳои хориҷӣ истифода мекунад.


Пӯсту пашм дар минтакаи Рашт дар гузашта маҳсулоти боарзиш маҳсуб мешуд, вале имрӯз қариб харидор надорад. Дар ҳоле, ки дар аҳди шӯравӣ пӯсту пашми минтақаи Рашт ба коргоҳҳои ҷумҳурии ҳамсояи Туркманистон содирот мешуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ифтитоҳи ширкати муштараки тоҷикӣ-амрикоии «Ганҷи Рашт» метавонад ба ташаккули соҳаи истеҳсоли масолеҳи пӯстӣ дар минтақа мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG