Пайвандҳои дастрасӣ

Кирилл русҳоро ба дуои борони зидди сӯхтор даъват кард


Сарвари калисои православи Русия, Кирилл, имрӯз, дар ҳоле ки сӯхтори ҷангалҳои Русия густариши бештар меёбад, аз русҳо хост, дуои борон кунанд. Сӯхтор то ҳоло ҷони наздик ба 30 нафарро гирифтааст ва чандин тани дигар бенишон шудаанд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия мегӯяд, дар қисмати аврупоии Русия дар 774 мавзеъ сӯхтори ҷангалу буттазорон идома дорад ва бо вуҷуди истифодаи нерӯҳои мусаллаҳ хомӯш кардани онҳо мушкил мебошад. Садҳо манзил дар ин оташсӯзиҳо ба хокистар табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG