Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

900 нафар дар селоби Покистон кушта шуданд


Шумораи кушташудагон дар яке аз бузургтарин обхезиҳои шимолуғарби Покистон аз 900 нафар гузаштааст. Ҳазорон нафар ҳамоно дар баландиҳое дар муҳосираи селоб мондаанд. Боронҳои шадиди мавсимӣ амалиёти наҷоти офатзадагонро ба мушкил рӯбарӯ кардаанд. Дар бархе аз минтақаҳо об ба қаибнишинӣ сар кард ва ҳаҷми талафоту харобиҳо акнун муайян мешаванд.
Сухангӯи артиши Покистон, генерал майор Ахтар Аббос, мегӯяд: "Ба сурати умум зиёда аз 19 000 нафар аз муҳосираи об ба ҷои амн кӯчонида шуданд. Ин як шумораи хеле бузург аст. Аммо бояд бигӯям, ки минтақаи офат хеле густариш дорад ва ба андозае азим аст, ки ҳанӯз дар бисёре аз он вайрониҳо ва талафот гузориш нашудааст." Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, обхезиҳои мавсими боронҳои сел ба беш аз 1 миллион нафар осеб расонидааст.
XS
SM
MD
LG