Пайвандҳои дастрасӣ

Эътибор пайдо кардани созишномаи манъи силоҳи хӯшаӣ


Созишномаи нави ҷаҳонии манъи муҳимоти хӯшаӣ аз имрӯз эътибор пайдо кард. Санади нав, пас аз шарик шудани 100 кишвар ба он ва тасвибаш дар зиёда аз 30 кишвар ба ҳукми қонун даромад. Он тавлид, анбор, истифода ва интиқоли бомбаҳои хӯшаиро манъ мекунад. Аммо қудратҳои бузург, ба монанди Чин, Русия, Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин Ҳиндустон, Исроил ва Покистон аз имзои ин санад сарпечӣ кардаанд. Бомбаҳои хӯшаӣ ҳангоми инфиҷор, бомбаҳои хурдтареро ба масоҳати васеъ пайн мекунанд ва усулан нотаркида монда, солҳои зиёд пас аз итмоми низоъҳо аҳолии осоиштаро ба ҳалокат мерасонанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG