Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаттоҳ Саидов хешутаборбозӣ дар ҳукуматро маҳкум кард


Раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди назди ҳукумати Тоҷикистон, Фаттоҳ Саидов, гуфт, ба мақоми додситони ноҳияи Ҳисор таъин шудани Файзуллоҳ Бобохонов, писари додситони кулли собиқ Бобоҷон Бобохонов аз ибтидо ғайриқонунӣ буд ва Бобохонов ҳамчунин домод, духтар ва додарашро низ ба вазифаҳои давлатӣ таъин кардааст. Саидов гуфт, ягон мансабдори баландмақом ҳаққи таъини на фақат наздиконаш, балки хешу ақрабояшро низ ба вазифаҳои давлатӣ надорад. Ин дар ҳолест, ки таъини хешу наздикон ба вазифаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон аз хонаводаи президент Эмомалӣ Раҳмон сар карда, то сатҳи ноҳияҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
XS
SM
MD
LG