Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯсии Челсӣ Клинтон, духтари Билл ва Ҳилларӣ


Духтари Билл ва Ҳилларӣ Клинтон Челсӣ дар як маросими шукӯҳманд дар Ню Йорк бо дӯсти деринааш, бонкдори сармоягузориҳо, Марк Мезвинскӣ издивоҷ кард. Раисиҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳида, Билл Клинтон ва вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон дар изҳороте аз вуруди Мезвинскӣ ба хонадонашон истиқбол карданд. Дар арӯсии Челсии 30-сола, чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва ҳунарии Амрико ширкат доштанд. Челсӣ аввали имсол таҳсилро дар Донишгоҳи Коламбияи Ню Йорк дар риштаи беҳдошт ба поён расонд.
XS
SM
MD
LG