Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон таҳқиқи парвандаи се сайёҳро идома медиҳад


Эрон мегӯяд, пажӯҳиши парвандаи ҷиноии се сайёҳи амрикоиро, ки як сол пеш ҳангоми убури марзи Ироқ боздошт шудаанд, идома медиҳад. Шейн Боер, Сара Шорд ва Ҷош Фаттал дар вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Эрон ва ҷосусӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ айбдор мешаванд. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ахиран бори дигар аз мақомоти Эрон даъват кард, ин сеш шаҳрванди Амрико, фавран озод карда шаванд.
XS
SM
MD
LG