Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолландиҳо аз Афғонистон хориҷ шуданд


Нидерлонд имрӯз расман мӯҳлати ҳузури ҳарбии хешро дар Афғонистон ба поён мерасонад. Вазири дифои ин кишвар,генерал Питер ван Уҳм ин ҳузури чаҳорсоларо муваффақиятомез номид ва гуфт дар ин давра наздик ба 2 000 сарбози ҳолландӣ дар рушди амният, беҳдошт, маориф ва тиҷорат кӯмак кардаанд. Дар ин давра 24 сарбози ҳолландӣ кушта шудаанд. Нерӯҳои Нидерлонд дар вилояти ноороми Урузгон мустақар буданд.НАТО дархост кард, мӯҳлати ҳузури ҳолландиҳо дар Афғонистон 1 соли дигар тамдид шавад, аммо ин пешниҳод сабаби баҳси сиёсӣ ва фурӯпошии ҳукумати Нидерлонд шуд.
XS
SM
MD
LG