Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бразил мехоҳад ба Сокина Оштиёнӣ паноҳ диҳад


Раисиҷумҳури Бразил, Луиз Инасио Лула да Силва гуфт, кишвараш омодааст, ба зане, ки бо ҷурми зино дар Эрон маҳкум ба сангсор шудааст, паноҳгоҳ диҳад. Рӯзи шанбе Лула аз раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмаднажод даъват кард ба хуруҷи ин зан аз мамлакат иҷоза диҳад. Изҳороти президенти Бразил дар ҳоле садо медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байнулмилали ҳуқуқи инсон аз Эрон хостаанд, ҳукми сангсори Сокина Муҳаммад Оштиёнӣ, зани 43-сола ва модари ду фарзанд бознигарӣ шавад. Муносибатҳои Бразил бо Эрон дар ҳоли тақвиятанд ва моҳи май Бразил якҷо бо Туркия талош кард, дар ҳалли масъалаи табодули сӯхти ҳастаӣ ба Теҳрон кӯмак кунад.
XS
SM
MD
LG