Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои сиёсатшиноси рус дар мавриди гармии ҳаво


Нахуствазири Русия Владиир Путин ҳини дидор аз ҷангалзорҳои сӯхта
Нахуствазири Русия Владиир Путин ҳини дидор аз ҷангалзорҳои сӯхта

Дар ҳоле, ки сокинони Маскав аз ҳарорати рекордии имсола азият мекашанд, як сиёсатшиноси рус иддао кардааст, ки имкон дорад, Амрико силоҳи иқлимии худро барои тағйири ҳарорат дар Русия истифода мебарад.

Андрей Арешев, муовини мудири Бунёди фарҳанги стратегӣ, дар матлабаш иддао кардааст, ки имкон дорад, Амрико силоҳи иқлимии худро барои тағйири ҳарорат ва аз ин роҳ коҳиши ҳосили кишоварзии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ истифода мебарад.

Арешев менависад, ”айни замон эҳтимолан силоҳи иқлимӣ ба сатҳи зарурӣ расидааст ва имкон дорад, ки барои эҷоди хушксолӣ, нобуд кардани ҳосили гандум ва ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои ғайриоддӣ дар кишварҳои ҷудогона истифода шавад.”

Матлаб дар рӯзномаҳои мухталифи Русия ба чоп расид, аз ҷумла дар маҷалаи “Робитаҳои байналмилалӣ”-и вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар. Мақоларо хабаргузории давлатии РИА Новости паҳн кард.

Дар мусоҳиба бо радии Озодӣ ба назар мерасид, ки Арешев аз мавқеаш ақибнишинӣ кардааст. Вай гуфт, ки ин танҳо як фарзия буд: “Пеш аз ҳама, ман мехостам бигӯям, он чизе, ки ман дар матлабам навиштам, ҳатто ҳодисаҳо, ҳақиқати ниҳоӣ нест. Онҳо фарзияҳоянд.”

Гармии бесобиқа дар Русия

Маскав феълан аз гармии рекордии ҳаво ранҷ мекашад. 29 июл ҳарорати ҳаво дар ин шаҳр ба нишондоди рекордии 39 дарраҷа расид. Аммо тобистони ҷорӣ на танҳо Русия аз гармии бесобиқа азият мекашид, масалан 24 июл дар Вошингтон ҳарорат 37,7 дарраҷа буд ва ниҳодҳои ҳавошиносии маҳалӣ бори нахустин дар ин тобистон огаҳии хатари гармӣ эълом карданд.

Арешев розист, ки дар Амрико ҳам ҳаво гарм аст, аммо вай ишора мекунад, ки Амрико дар муқоиса бо Русия ҷанубтар ҷойгир шудааст ва ҳароратҳои баланд барои он кишвар ғайримуқаррарӣ намебошад.

Ин дар ҳолест, ки дафтари миллии Амрико дар умури уқёнусҳо ва фазо эълон кард, ки моҳи июл ҳарорати замин ва уқёнус дар сарорсарӣ ҷаҳон аз оғозӣ санҷиши ҳарорат дар соли 1880 дар сатҳи баландтаринаш буд.

Дар матлаби Арешев гумонҳо дар бораи Барномаи пажӯҳиши мавҷҳои баланд, ки аз ҷониби вазорати дифои Амрико ва донишгоҳи Аляска сармоягузорӣ мешавад, инъикос ёфтааст. Ҳадафи ин барнома, ки дер боз вирди забони фарзиягарон ва сабаби шубҳаҳои онҳо буд, ислоҳи робитаҳои радиоӣ, муроқибат ва кашфи мушакҳо мебошад.

Силоҳи иқлимӣ?

Арешев менависад, ки мақсади аслии ин барнома тавлиди силоҳи нави куштори дастаҷамъӣ, аз роҳи бесубот кардани муҳити зист ва низоми кишоварзӣ дар кишварҳои мунтахаб, будааст.

Дар мақолаи Арешев инчунин ба озмоиши киштии кайҳонии X-37B дар мадори Замин ишора мешавад. Ин озмоиш аз ҷониби Пентагон вазорати дифои Амрико апрели соли 2010 доир шуда буд. Пентагон мегӯяд, ки X-37B ин нусхаи озмоишии “киштии кайҳониест, ки бояд кайҳонавардон ва борро ба истгоҳҳои кайҳонӣ расонад. Аммо Арешев дар матлабаш иддао дорад, ки X-37В ҳомили силоҳи лазер мебошад ва эҳтимолан он ҷузъи калидии силоҳи тағйири иқлими Пентагон аст.

Пентагон ба ин иддаҳои Арешев то ҳол ягон вокуниш нишон надодааст.

Арешев инчунин ба кӯшишҳои ҳукумати Амрико барои истифодаи борону абрҳо барои қатъи роҳҳои интиқоли борҳоро замони ҷанги Виетнам ишора мекунад. Вай таъкид мекунад, ки ӯ фарзияигари тарҳи махфӣ ё тавтиа намебошад:

“Матлаби ман ба хотири муттаҳам кардани Амрико ё ягон кишвари дигар дар кӯшиши дидаву дониста овардани зарар ба Русия навишта нашудааст. Ин бисёр хандаовар мебуд”.

Дар посух ба савол, ки оё Русия низ барои тавлиди силоҳе, ки метавонад ба иқлим таъсир расонад ягон пажӯҳишҳо анҷом медиҳад, Арешев гуфт, ба хотири он, ки ӯ узви ҳукумат нест, дар бораи чунин барномаҳо иттилое надорад.
XS
SM
MD
LG