Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон дархости раҳоии шаҳрвандони Амрикоро рад кард


Шаҳрвандони боздоштшудаи амроикоӣ дар Эрон

Шаҳрвандони боздоштшудаи амроикоӣ дар Эрон

Мақомоти Эрон дархости раиси ҷумҳури Амрико дар бораи раҳоии се шаҳрванди ин кишварро рад карданд. Вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, шаҳрвандони ИМА барои марзшиканӣ аз рӯи қонуни Ҷумҳурии Исломӣ дар додгоҳ муҳокима мешаванд.

Дар ҳоле коршиносон нигаҳдошти ин се нафар бидуни ҳукми додгоҳро орӣ аз ангезаи сиёсӣ намедонанд, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Ромин Меҳмонпараст тайи як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки шаҳрвандони Амрико бо айби марзшиканӣ боздошт шуда, аз сӯи додгоҳи Эрон муҳокима мешаванд.

Вай бар ин нуқта низ таъкид кардааст, ки ҳаргуна талошҳо барои таъсиргузорӣ бар муҳокимаи парвандаи шаҳрвандони ИМА аз тариқи фишорҳои сиёсӣ таъсире бар тасмимгирии мустақили додгоҳ нахоҳад дошт.

Шейн Бауери 27-сола, Сара Шроуди 31-сола ва Ҷош Фатали 27-соларо мақомоти Эрон як сол пеш дар таърихи 31 июли соли 2009 дар марзи Эрону Ироқ, дар минтақаи Курдистон боздошт намуда ва то ба ҳол дар боздоштгоҳи Евини Теҳрон бидуни ҳукми додгоҳ нигоҳ медоранд.

Раиси ҷумҳури Амрико Борак Обама рӯзи шанбе аз Эрон хост ин се шаҳрванди кишварашро аз зиндон раҳо намояд. Барак Обама, гуфтааст, “боздошти ноодилонаи” он се нафар мухолифи аҳдномаҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аст ва ба масоиле, ки боиси ихтилофи Амрико ва ҷомеаи байналмилалӣ бо давлати Эрон шудааст, ҳеҷ иртиботе надорад.

Дар ҳоле мақомоти Амрико ва хонаводаи ин зиндониён даъвои бегуноҳии онҳоро мекунанд ва мегуянд онҳо танҳо ба куҳнавардӣ машғул будаанд, чанде қабл вазири иттилооти Эрон гуфта буд , ки онҳо далоиле дар даст доранд, ки маъмурияти ин афроди боздоштшуда ҷосусӣ будааст.

Дар остонаи яксолагии боздошти ин се нафар, тазоҳуроте дар шаҳрҳои Аврупо ва Амрико ҷиҳати озод кардани онҳо ба роҳ андохта шудааст. Дар Амрико шаш узви Сенои ин кишвар пешнависи қатъномаеро дар пуштибонӣ аз ин се нафар омода намудаанд.

Вазири умури хориҷаи ИМА Ҳиллари Клинтон низ тайи баёнияе аз Эрон хостааст то ин се нафарро озод кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG