Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни обхезӣ дар Покистон ба 800 нафар расид


Ба гуфтаи мақомоти расмии Покистон, бар асари боронҳои пайдарпай ва ярчу обхезӣ дар манотиқи шимолуғарби кишвар, тақрибан 800 нафар кушта шудаанд. Ифтихор Ҳусайн, як мақоми баландпояи вилояти Хайбар Пахтунхва рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, танҳо дар вилояти онҳо 150 нафари дигар бенишон шудааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, обзехиҳои фалокатбор дар шимоли Покистон, ба бештар аз 1 миллион нафар осеб расонидааст. Маъмурони наҷот ва сарбозони покистонӣ кӯмак ба садҳо ҳазор нафар бандмонда дар панҷаи фалокатро идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG