Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсати нави Амрико дар Осиёи Марказӣ


Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа зимни як суханроние роҷеъ ба сиёсати хориҷии кишвараш дар қиболи Осиёи Марказӣ, ин минтақаро барои манофеъи миллии Амрико “ниҳоят муҳим” хондааст.

Ба гуфтаи Роберт Блейк, сиёсати дарозмуддати Амрико ва ҳампаймонҳояш дар Осиёи Марказӣ, тақвияти суботу амният дар минтақа будааст.

Дипломати баландпояи амрикоӣ дар як нишасти муасиссаи пажӯҳишии Бунёди Карнегӣ дар Вашингтон гуфтааст, баъди муддати кӯтоҳи ба сари қудрат омадани Барак Обама, ҳукумати Иёлоти Муттаҳида сиёсаташ дар қиболи Осиёи Марказиро арзёбии комил кард ва дар панҷ бахш таммаркуз намуд.

Аввал тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кӯмак ба нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон, ки бар зидди Толибону гурӯҳҳои терористӣ меҷанганд.

Дуввум, рушди бахши энержӣ ва гуногун кардани роҳҳои содироти энержӣ, аз ин минтақаи саршор аз газу нафтро, ки ҳоло танҳо аз тариқи шабакаҳои Русия нафту гази худро ба хориҷ интиқол медиҳанд.

Роберт Блейк, ташвиқи озодиҳои сиёсӣ ва мурооти ҳуқуқи инсонро бахши саввум дар сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ хонд.

Рушди иқтисоди бозаргонӣ ва рақобатпазир ва ҳам монеъ шудан ба нокомии кишварҳо ду бахши дигаре будааст, ки ҳукумати Барак Обама дар сиёсаташ дар Осиёи Марказӣ авлавият медиҳад.

Роберт Блейк, муовини вазири хориҷаи Амрико, ҳини дидор аз Тоҷикистон, 06-уми июли 2009
Муколамаи ИМА бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

Роберт Блейк гуфтааст, ки муколамаи сиёсии Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои минтақа бештар мешавад. Вай аз муколамаи нахустини сиёсии Амрикову Тоҷикистон ёдовар шудааст, ки дар замони сармои шадид дар Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт. Ба гуфтаи Роберт Блейк, баъзе аз мулоқотҳояш бо ҳайъати Тоҷикистон бо раҳбарии Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷа дар манзили худи Роберт Блейк баргузор шуд.

Муовини вазири умури хориҷаи Амрико гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида барои нуфуз дар Осиёи Марказӣ бо ҳеҷ кишваре рақобат намекунад, вале ҳамзамон инро намепазирад, ки ягон кишвар, Осиёи Марказиро қаламрави таҳти нуфузи хеш бихонад, ки ин зоҳиран ишорае ба Русия аст.

Роберт Блейк ин интиқодотро рад кардааст, ки Амрико бо назардошти масоили амниятӣ ва энержӣ, аз баррасии масъалаи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ парҳез мекунад.

Ӯ гуфтааст, ҳукумати Амрико ҳеҷ гоҳ аз матраҳ кардани масъалаи ҳуқуқи инсон бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ парҳез намекунад ва ҳамеша ин масъаларо озоду самимона ва ошкор бо он ҳукуматҳо баррасӣ кардааст.

Роберт Блейк аз муколамаҳои чанде пеш бо Туркманистон ва Ӯзбакистон ёдовар шудааст.

Муовини вазири хориҷаи ИМА як моҳ пеш аз Қирғизистон дидан карда буд
Назари Амрико ба вазъи Қирғизистон


Дипломати амрикоӣ дар иртибот ба вазъи Қирғизистон гуфтааст, агарчӣ ҳукумати Амрико аз оромии феълӣ ва такрор наёфтани низоъҳо ташвиқ шудааст, аммо тарсу нигаронӣ бахусус дар миёни ӯзбакҳои Қирғизистон боқӣ мемонад.

Таври маълум низоъи миёни қирғизу ӯзбакҳо дар шаҳрҳои Ҷалолободу Ӯш боиси марги бештар аз 300 нафар ва бехонумон шудани даҳҳо ҳазор тани дигар шуд.

Роберт Блейк гуфтааст, барои шифо ёфтани ин захмҳо дар Қирғизистон тарафдори он аст, ки нерӯҳои пулиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба ҷануби он кишвар фиристода шаванд, сабабҳои аслии муноқишаро ҳам таҳқиқ кунанд ва масъулони ҳодисаро ҳам ҷазо бидиҳанд.

Роберт Блейк гуфтааст, Амрико аз талошҳо барои тақвияти демократия ва ҳукуматдорӣ дар Қирғизистон ҳимоят мекунад ва ҳам мехоҳад то ба Қирғизистон дар амри барқарории манозили мардуми осебдида дар муноқишаҳои қавмӣ кӯмак кунанд.

Ба гуфтаи Роберт Блейк, низоъ дар Қирғизистон ҳамчунин ҳамсояҳои он, бахусус Ӯзбакистону Қирғизистонро низ озмоиш кард.

Ӯ ба нақши Ӯзбакистон барои кӯмак ба паноҳандагони ӯзбак ишора карда ва гуфтааст, умедвор аст, дар сурати зарурат Ӯзбакистон марзҳояшро барои паноҳҷӯён боз хоҳад кард.

Аммо гуфтааст, Роберт Блейк, Амрико бо Русия ва дигар шариконаш дар минтақа кор мекунад, то ҳодисаҳои фоҷиабори Қирғизистон такрор нашавад.
XS
SM
MD
LG