Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳёи дубораи диплумосии Аврупо


Ҳенри Кесенҷер, собиқ вазири умури хориҷаи Амрико боре ба таври кинояомез гуфта буд, ки вақте мехоҳад бо аврупоиҳо сӯҳбат кунад, дар шигифт аст, киро мавриди хитоб қарор диҳад. Ҳадаф аз таъсиси хадамоти дипломатии Иттиҳодия Аврупо(EEAS) низ ба мақсади мавқифи ягона доштан дар масъалаҳои берунист. Вале оё ҳамин тавр хоҳад буд ё на?

Иттиҳодияи Аврупо аз оғози кори хадамоти муштараки дипломатии худ танҳо дар фосилаи як моҳ қарор дорад. Аммо хушбинӣ дар бораи коромад ва муассир будани ин сохтори нав дар сиёсати хориҷии ин блок ҳануз зудҳангом аст.

Ин хадамот бар асоси тарҳи Паймони Лисабон таъсис шуда интизор меравад то 1 январи соли 2011 ба таври комил фаъолияти худро аз сар гирад.
Дар гомҳои баъдӣ ҳазорҳо дипломат дар Брюсел ва намояндагиҳои ИА дар саросари ҷаҳон ба кор истихдом хоҳанд шуд.

Нафаси тозаи диплумосии Аврупо

Аммо дар ҳоле сохтори нав шояд равишеро, ки ИА сиёсати хориҷии худро иҷро мекунад тағйир бидиҳад, баъид мерасад зербинои он ба дигаргуние рӯбарӯ шавад.
Ба гуфтаи соҳибназарон, сиёсати хориҷии ИА бо дарназардошти имтиёзоти кишварҳои аъзо бетағийр боқӣ хоҳад монд.

Клара О’Доннелл, пажуҳишгари маркази ислоҳот дар Аврупо мустақар дар Лондон мегӯяд «ИА барои он ки тавонад дар берун як омили муассир бошад, зарур аст то ҳама кишварҳои аъзо мавқифи ягона дошта бошанд –масалан бо Гурҷистон чӣ кунанд ва ё дар баробари Руссия чӣ мавқифе дошта бошанд.
Дуввум ин хеле зарурист то кишварҳои аъзо хоҳиши инро дошта бошанд то ИА аз онҳо намояндагӣ намояд. Зеро дар бештари мавридҳо хеле аз кишварҳои аъзо барои нақши муҳим бозӣ кардан ба таври ҷудогона муносибат барқарор мекунанд.
Чун ба ИА иҷоза доданд то аз онҳо намояндагӣ намояд ва аз тарафи дигар ба таври мустақилона ҷӯёи муносибат мешаванд, ин дугонагӣ боиси таноқуз мешавад».

Ҳамзамон, ҳамоҳанги сиёсати хориҷии ИА ва сарпарасти ин идораи навтаъсис Катерина Аштон таъкид кард, ки маъмурияти нав ба сиёсати хориҷии ИА нафаси тозае хоҳад бахшид.

Вай дар моҳи марти гузашта дар ҷараёни суханронии худ дар назди кумитаи сиёсати хориҷаи Парлумони Аврупо гуфт, таъсиси ин «неру»иҷозат хоҳад дод то ИА «зарбаи мушти худро дар сатҳи ҷаҳон» ба намоиш бигузорад.

Вай гуфт ИА хоҳад тавонист орзуҳои Паймони Лисаббонро бароварда намуда бо тарвиҷи «амали муштарак» сиёсати хориҷии устувор ва муассири ИА- ро бино кунад.

Маъмурияти маҳдуди ниҳоди нав

Ҳамзамон Аштон перомуни чандгонагии аъзои ИА дар муносибат бо Руссия ва ё перомуни ояндаи Косово ишорае накард.
Ба назари таҳлилгарон таъсиси маъмурияти нав бар равиши сиёсати хориҷии ИА тағйироти зиёд ворид нахоҳад кард.

Ҷанис А Емманоуилидис, таҳлилгари аршади Маркази Сиёсати Аврупо дар Брюсел навиштааст, кишварҳои аъзо ба хотири тасмимоти сиёсати хориҷӣ сари муй аз манофеъи миллии худ гузашт нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи Стефан Фуле маъмурияти навтаъсис ба Иттиҳодияи Аврупо иҷоза хоҳад дод то дар низоъҳое монанди қазияи Қаробоғи Куҳӣ ворид шавад.

Аштон дар ваколати худ аз тавофуқи дастаҷамъии 27 кишвари аъзо по фаротар нахоҳад гузошт, чун ҳар яке аз ин кишварҳои узв ҳаққи вето доранд.

Идораи нав дастуроти худро аз кишварҳои узв хоҳанд гирифт ва дар айни ҳол назароти нишастҳои вазирони хориҷаи кишварҳои узвро амалӣ хоҳад намуд.

Кашмакашҳои дохилӣ дар ИА

Кишварҳои узв, зиракона нуфузи худро бояд дар чаҳорчуби ИА, дақиқтараш аз тариқи ҳамин маъмурияти навтаъсис густариш диҳанд.

Мақомоти ИА изҳор доштаанд, ки ҷанҷоли сахти паси пардагӣ барои ишғоли вазифаҳои калидӣ, чӣ дар Брюсел ва чӣ дар хориҷ идома дорад.
Дипломатҳо гуфтаанд, бо эҳтимоли зиёд Фаронса, Олмон ва Лаҳистон намояндагонро таъин хоҳанд кард.

«Ин як пиндошти аблаҳона хоҳад буд, ки кишварҳои узв бо таъиноти худ нахоҳанд пешниҳоди худро матраҳ кунанд» мушоҳидаҳои ҳудро гуфтааст як корманд дар Брюсел.

Кашмакаши кишварҳои узв худ мушкили ниҳоӣ нест балки ҷонибҳои дигар низ кӯшиш доранд сиёсати хориҷии ИА-ро зери назари худ дошта бошанд.

Шӯрои ИА низ, ки намояндагии кишварҳои узвро ба уҳда дорад, чун Комисиюни Аврупо, ки аз буҷаи чанд миллион еврои бархурдор буда, дар кишварҳои зиёде аз шарқи Аврупо то Африко фаъолият менамояд, бояд аз имтиёзҳое бархурдор бошад.

Бозигари дигари ин майдон Парлумони Аврупост, ки агарчи дар сиёсати хориҷӣ нақши муассире надорад, аммо бар пояи тасмими Паймони Лиссабон ҳарфи ниҳоиро дар масъалаҳои пулӣ ва ҷобаҷоии кадрҳои ин ниҳоди нав онҳо хоҳанд гуфт.

Ин кашмакашҳои дохилӣ вазъи ин ниҳоди навтаъсисро ба ҷои пешравӣ, печидатар кардааст.

Бо вуҷуди зери фишор қарор гирифтан тавассути кишварҳои кучак, ки аз коҳиши нуфузи худ нигаронанд, Аштон маҷбур хоҳад шуд то ин намояндагон вижаро дастакам аз байни 12 кишвари бонуфуз интихоб намояд.

Тӯб дар майдони зӯрҳо боқӣ мемонад

Аз тарафи дигар Комисиюни нимаамалкунандаи Аврупо намояндагони худро барои амали кардани сиёсатҳои ҳамҷаворӣ, тавсиъа ва тарақиёт нигоҳ хоҳад дошт. Бисёре аз кормандони он ба ниҳоди нав интиқол хоҳанд ёфт.

Вале худи намояндагони вижа берун аз чаҳорчубаи ин ниҳод ба фаъолияти худ ҷиҳати татбиқи сиёсатҳо ва пардохти ҳазинаи буҷаҳо боқӣ хоҳанд монд.

Ҳамзамон пешниҳодҳое шуда, ки Аштон мехоҳад иддае аз намояндагони вижаро аз кор барканор кунад, аз ҷумла намояндаи ИА дар Кавкази Ҷанубӣ ва Ховари Миёнаро.

Дуруст, амре, ки метавонад боиси нороҳатии тарафи саввум, мисли Руссия гардад.

Чунин ба назар мерасад, ки «тарафи саввум» дар муносибати дуҷонибаи худ бо пойтахтҳои аврупоӣ аз имтиёзоти бештаре бархурдор аст, ки маслиҳати умумии ИА- ро зери суол мебарад.

Баъид ба назар мерасад ниҳоди нав ба суолҳое чун пурсиши Ҳенри Кесенҷер, ки вақте мехоҳад бо аврупоиҳо суҳбат кунад, дар шигифт аст, киро мавриди хитоб қарор диҳад, посухи муносибе ироя намояд.
XS
SM
MD
LG