Пайвандҳои дастрасӣ

Набарди Русия бо оташсӯзиҳои мудҳиш дар кишвар


Вазорати умури изтирории Русия мегӯяд, барои фурӯ нишондани оташсӯзиҳо дар ҷангалзорҳои 14 минтақаи кишвар дар маҷмӯъ 238 ҳазор оташнишон талош доранд. Вазорат гуфт, вазъият таҳти контрол дароварда гшудааст ва барои роҳ надодан ба доман задани оташ ҳамчунин 2 ҳазор сарбоз ва 226 ҳавопаймо кӯмак мекунанд. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ҷангалсӯзиҳо дар Русияро, “офати табиӣ” хонд. Дар ин оташсӯзиҳо то кунун 31 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG