Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Рудакӣ эълон шуданд


Кумитаи ҷоизаҳои ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барандагони ин ҷоизаро барои соли 2010 эълон кардааст. Бино ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар” ин ҷоиза дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ ба 6 нафар сазовор дониста шуд.

Барои таҳияи намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ» коргардон ва ҳунарпешаи шинохта Мирзоватан Миров дар соҳаи санъати театрӣ сазовори ин ҷоиза дониста шуд.

Инчунин дар соҳаи санъати мусиқӣ, ин ҷоиза насиби Миралӣ Достиев барои силсилаи сурудҳои «Меҳроби меҳрам, Тоҷикистон!» гардидааст. Барандаи ҷоиза дар соҳаи адабиёт шоир Доро Наҷот барои маҷмўаи шеърҳои « Моҳтобе хамида дар рукўъ» дониста шуд.

Дар соҳаи санъати тасвирӣ, наққоши варзида Суҳроб Қурбонов барои мусаввараи чоргонаи «ҳамосаи истиқлол» сазовори ин ҷоиза дониста шуд.

Инчунин дар соҳаи адабиёти бадеӣ барои наврасон, адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров барандаи ин ҷоиза гардид.

Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи тарҷума, пажўҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ барои силсилаи рисолаҳои илмӣ-адабии «Низомӣ ва Хоқонӣ», «Зайниддин Восифӣ» ва «Дарвеши Деҳакӣ» ба ховаршиноси маъруфи рус Александр Болдирев (1909-2004) дода шуд.

Ҷоизаи ба номи Абўабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ соли 1964 таъсис ёфта ҳамасола ба саршиностарин чеҳраҳои адабиву мусиқӣ ва ҳунар дода мешавад.
XS
SM
MD
LG