Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Блейк аз сиёсати ИМА дар Осиёи Марказӣ гуфт


Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико, мегӯяд, Осиёи Марказӣ як минтақаи ниҳоят муҳим барои манофеъи миллии Иёлоти Муттаҳида аст, вале бо ҳеҷ кишваре барои нуфуз дар ин минтақа рақобат намекунад. Роберт Блейк, дар як нишасте дар Бунёди Карнегӣ гуфтааст, ки Амрико манофеъи кишварҳои дигар дар Осиёи Марказиро эътироф мекунад, вале инро ҳам намепазирад, ки кишваре дар ин минтақа манофеъи вижа дошта бошад, ки ин зоҳиран ишорае ба Русия аст, Осиёи Марказиро қаламрави таҳти нуфузи худ медонад. Роберт Блейк, ин гуфтаҳоро рад кардааст, ки Амрико масоили ҳуқуқи инсонро бо кишварҳои минтақа ба таври ҷиддӣ матраҳ намекунад. Ӯ гуфтааст, ҳуқуқи инсон дар тамоми муколамаҳои сиёсии Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ мешавад.
XS
SM
MD
LG